Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси 36 қитъаи раъйдиҳӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон


Ниҳодҳои интихоботии Тоҷикистон мегӯянд, барои таъмини шароити ширкати атбоъи ин кишвар дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 феврал дар хориҷ 36 қитъаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст.
Дар Русия 8 қитъа, дар Амрикову Афғонистон дуқитъаӣ ташкил шуда, ҳамин тавр, дар назди идораҳои дипломатии Тоҷикистон дар пойтахтҳои дигар, аз ҷумла дар Брюссел, Теҳрон, Алма-Ато, Тошканд, Бишкек ва Пекин, низ қитъаҳои вижаи раъйдиҳӣ таъсис ёфтааст. Ҷамъи шаҳрвандони тоҷике, ки дар хориҷ кор ё таҳсил мекунанд, дар ҳудуди 1 миллион нафар баровард карда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG