Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ номзад аз сабқат берун шуданд


Куммиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, ки 5 тан аз муддаиёни сабтиномшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагон номзадии худро пас гирифтаанд. Се довталаб аз ҳавзаи Турсунзода, яке аз ҳавзаи Ҳисор хориҷ шуда, ва охирӣ аз идомаи мубориза дар ҳавзаи Панҷакент даст кашидааст.
Ба ин тартиб, ба гуфтаи мақомот, дар 41 ҳавзаи инфиродӣ 148 номзад боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар бораи лағви номзадии Матлуб Халифа дар ҳавзаи Панҷакент ва Ҷумъахон Темурзодаву Мурод Аминов дар ҳавзаи Ҳамадонӣ гузориш шуда буд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG