Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши саҳмияҳои Роғун ба 168 миллион $ расид


Тайи ду ҳафтаи гузашта саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун боз ба маблағи 40 миллион сомонӣ фурӯхта шуд. Ба ин тартиб, бино ба маълумоти вазорати молияи Тоҷикистон, то 20 феврал аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои Роғун 732 миллион сомонӣ, муодили 168 миллион доллар ба даст омадааст. Давлати Тоҷикистон ба манзури ҷамъоварии сармояи лозим барои бунёди ин нирӯгоҳ маъракаи густардаеро ба роҳ андохта, аз рӯзи 6 январ саҳмияҳои Роғунро ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ ба фурӯш баровард.
XS
SM
MD
LG