Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон - рақиби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ


Сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳи «А» се бозӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар бозии аввали худ аз дастаи Бангладеш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, дар ду бозии дигар бар дастаи мизбон - Шри-Ланка бо ҳисоби 3:1 ва бар мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Бад-ин тартиб дастаҳои Тоҷикистон ва Мянмар 6-имтиёзӣ ба даст оварданд ва аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (7-3) Тоҷикистон ҷои аввал ва Мянмар (6-4) ҷои дуввумро касб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи «В» ду даста – Куриёи Шимолӣ ва Туркманистон 7-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Куриёи Шимолӣ (8-1) ҷои аввал ва Туркманистон (3-1) ҷои дуввумро азони худ карданд. Ҳарду даста ба нимфинал баромаданд.

Дар бозиҳои даври ниманиҳоӣ, ки 24-уми феврал баргузор мешаванд, Тоҷикистон бо Туркманистон ва Куриёи Шимолӣ бо Мянмар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC, ки дар бозии ниҳоӣ 27-уми феврал муайян хоҳад шуд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG