Пайвандҳои дастрасӣ

"Кори падаронро идома медиҳем"


Pуқияи Нурӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳри Душанбе

Pуқияи Нурӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳри Душанбе

Pуқияи Нурӣ, духтари бузурги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзад ба вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

Руқия Нурӣ мегӯяд, ҳадафаш аз ширкат дар сабқати интихоботӣ идома додани роҳи падар, рушди фазилати исломӣ ва хидмат ба мардум аст.

Яке аз самтҳои барномаи номзад Руқияи Нурӣ ин ҷорӣ намудани омӯзиши хати ниёгон дар мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошад. Феълан хонум Руқия ба шогирдон хатти арабӣ, форсӣ, меомӯзад ва аз фании тафсири Қуръон ва ҳадисҳо тадрис мекунад.

Руқияи Нурӣ хатмкардаи мадрасаи илмии «Ҷомеатузаҳро»-и Ҷумҳурии исломии Эрон ва Донишгоҳои байналмилалии Теҳрон аст. Соли 2005 фаъолияти худро ба ҳайси масъули бахши бойгонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз кардааст. Соли 2007 ба Донишгоҳои миллӣ дохил шудааст, феълан донишҷӯ аст.

Духтари бузурги Сайид Абдулоҳи Нурӣ, ки раҳбари Иттиҳоди мухолифини пешин, дар ҳоле мехоҳад вориди маҷлиси шаҳрӣ шавад, ки то ба ҳанӯз ягон зан дар ин ниҳоди халқӣ бо ҳиҷоб пирӯз нагардида ва мақоми вакилро ноил нашудааст. Ва мушоҳида мешавад, ки роҳбарони чунин ниҳодҳо чандон хуш надоранд, ки хонмуҳои ҳиҷобпӯш баргузида шаванд. Вале бо ин вуҷуд хонум Руқия итминон дорад, ки Тоҷикистон як кишвари демократӣ аст ва ӯ низ ҳақ дорад, ки бо ҳиҷобаш пирӯз мешавад. Хонум Нурӣ мегӯяд: «Аслан намехоҳам, ки номи падарро дар ин роҳ шиор қарор диҳам, балки мехоҳам ки падари хеш бошам ва он чизе ки аз падар омӯхтем ва ӯ ба мо васият карда буд, ки дар роҳи Ислом ба халқи Худо мадагор бошем, ин пайроҳаро идома диҳам».

Вай иттиҳомро дар мавриди он ки ҲНИТ аз номзадии ӯ ба интихоботи Маҷлиси Намондагон пуштибонӣ накардааст, рад карда гуфт, ки яке аз сабабҳои номзади парлумон барнагузиданаш ин надоштани маълумоти олии Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунгузории кишвар будааст. Ҳарчанд ки маълумоти байналмилалӣ дорад. Вай ният дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ва гирифтани номаи камол, талош кунад бо номзадии арзандаи Маҷлиси Намояндагон ҳам сазовор шавад.

Номзадӣ ҳаққи фарзандони сиёсатмадор низ ҳаст

Абдуфаттоҳ Воҳидов таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст, ки иштироки Руқияи Нурӣ ва Рустами Эмомалӣ дар интихобот аз мавқеи шаҳрвандии онҳо дарак медиҳад, на ин ки василаи расидан ба ҷойгоҳи падаронашон бошад. Зеро сиёсат кори соддаву ҳамвор нест ва доштани таҷриба ва зеҳни сиёсӣ дар шароити Тоҷикистон салиқаи зиёдро талаб мекунад. Оғои Воҳидов мегӯяд: “Духтари оқои Нурӣ ва писари Эмомалӣ Раҳмон мисли дигар шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки номзад шаванд ва ё интихоб кунанд. Вале ин маънои онро надорад, ки онҳо ҳатман ба маснади вазифаи падар ва ё хешу таборони дигаррашон мерасанд».

Дар ноҳияи Сомонӣ Рустами Эмомалӣ писари калонии Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам, номзад ба вакилии маҷлисҳои вакилони шаҳри Душанбе аз тарафи ҲХДТ, пешниҳод гардидааст. Таҳлилгарон иштироки Рустами Эмомалиро дар интихобот қадами нави ӯ дар корзори сиёсат маънидод карданд.

Писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳамадҷони Нӯрӣ низ ба феҳрасти номзадҳои ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ ворид шудааст. Ба гуфти Шамсиддин Саидов, раиси Ситоди интихоботии ҲНИТ, Муҳмадҷони Нурӣ аз сабқати якмандата дар ноҳияи Вахш бо иллати масрафоти зиёди корӣ дар шаҳри Душанбе, ки роҳбарии бахшро ба ӯҳда дорад ва 65 номзад ба вакилони халқӣ пешниҳод кардааст, руйхати инфиродиро рад кард. Ва раиси ситоди интихоботии ҲНИТ дар шаҳри Душанберо ба ӯҳда дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG