Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти боз як раҳбари "Толибон" дар Покистон


Дар шимолу ғарби Покистон Мулвӣ Кабир, яке аз раҳбарони ҷунбиши “Толибон” ва волии собиқи вилояти Нангарҳори Афғонистон, боздошт шуд. Гуфта мешавад, ки Кабир ба феҳристи даҳ раҳбари аслии мавриди бозҷӯии “Толибон” шомил буд.
Сомонаи интернетии шабакаи телевизионии "Fox News" бо ишора бо ду афсари воломақоми амрикоӣ хабар дод, ки Мулвӣ Кабир аз сӯи кормандони полиси Покистон дар мавзеъи Навшераи Вилояти марзии шимолу ғарбӣ дастгир шудааст. Хабар дода мешавад, ки ба боздошти ӯ иттилои муовини раҳбари “Толибон” Мулло Бародар мусоидат кардааст. Мулло Бародар ҳафтае пеш бар асари як амалиёти муштараки нерӯҳои Амрикову Покистон боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG