Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтуев: Барои раъйдиҳии муҳоҷирон шароит фароҳам аст


Беш аз 500 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксаран муҳоҷирони кориянд, ҳаққи ширкат дар раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 февралро доранд. Раиси Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев ба хабарнигори ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки ба ҷуз Маскав ва Санкт-Петербург боз дар шаш шаҳри бузурги Русия – Новосибирск, Перм, Самара, Екатеринбург, Волгоград ва Кемерово қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудаанд.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Мирзоалӣ Болтуев, ба рӯйхати интихобкунандагон беш аз 3 миллиону 400 ҳазор нафар шомил шудаанд, ки метавонанд дар 3065 қитъаи интихоботӣ овоз диҳанд.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро 500 нозир аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагони чанд кишвар, аз ҷумла, Русия, ИМА ва Чин таҳти назорат хоҳанд дошт. Дар хабари ИТАР-ТАСС омодааст, ки то ҳол ягон бор Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо интихоботи парлумонӣ ваё раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ арзёбӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG