Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА фишор болои Теҳронро афзоиш хоҳад дод


ИМА фишор болои Эрон ба хотири аз барномаи ҳастаӣ даст бардоштани ин кишварро шадидтар хоҳад кард. Дэвид Петреус, сарвари ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, ахиран дар сӯҳбати телевизионӣ аз тариқи шабакаи NBC изҳор намуд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Теҳрон имкони ҳалли дипломатии қазияро пешниҳод кард ва аммо мақомоти Эрон аз он истифода набурданд. Ва аммо генерал Петреус дар мавриди он ки Вошингтон аз кадом роҳҳои нави фишор болои Теҳрон кор гирифта хоҳад шуд, чизе нагуфт.
XS
SM
MD
LG