Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 5 полиси ироқӣ дар канори Ҳанакин


Бар асари инфиҷори майни рӯи раҳ дар шимолу шарқи Ироқ 5 корманди полис кушта шуданд. Як нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардошт. Ба иттилоъи мақомоти умури дохила, ин ҳамла алайҳи гурӯҳи кормандони полисе сурат гирифт, ки амнияти муассисаҳои энерҷӣ дар канори шаҳри Ҳанакинро таъмин мекарданд. Ҳанакин дар вилояти Диёл ва дар марз бо Эрон ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG