Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус: "Муштарак" - ибтидои набардҳои шадид аст


Генерал Дэвид Петреус, сарвари Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки амалиёти низомии нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ дар канори шаҳри Марҷаи вилояти Хилманди Афғонистон - ин марҳалаи аввали амалиёти дарозмуддат аст. Ӯ муқовимати Толибон ба ҳуҷуми нерӯҳои НАТО-ро шадид ва аммо ҳамоҳангнашуда номид.
Аз замони оғози амалиёти низомӣ дар Марҷа, ки “Муштарак” унвон шудааст, беш аз 50 тан аз мусаллаҳони “Толибон” кушта шуданд. Дар ин набдҳо ҳамчунин 12 сарбози нерӯҳои байналмилалй ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG