Пайвандҳои дастрасӣ

Се сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Паймони низомии НАТО мегӯяд, имрӯз як сарбози дигари хориҷӣ бар асари инфиҷори бомби худсохте дар Афғонистон кушта шудааст. Бо ин талафоти нерӯҳои хориҷӣ, ки аз рӯзи 18 феврал ба ин сӯ амалиёти мавсум ба муштаракро дар ноҳиҳои Марҷа ва Нодалии вилояти Ҳилманд, идома медиҳанд, ба 25 нафар расид. Пештар аз ин Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО эълом дод, ки рӯзи шанбе ду сарбози худро дар шимол ва ҷануби Афғонистон аз даст додааст. Бар асоси муқаррароти ҳуввияти ин сарбозонро эълом накардаанд.
XS
SM
MD
LG