Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни обхезиҳо дар Мадейра


Мақомоти Португалия мегӯянд, теъдоди қурбониёни ярчу обхезиҳо дар ҷазираи Мадейра то ба 38 нафар расидааст ва бештар аз 100 тани дигар ҳам бенишон ва ё маҷрӯҳ шудаанд. Баъди фалокати табиӣ дар Мадейра, Португалия ба ин ҷазирақаламраваш дар уқёнуси Атлантик, кӯмакҳои фаврӣ интиқол дод. Ба гуфтаи мақомот, нерӯҳои мусаллаҳи Португалия барои кӯмак, ба осебдидагон нову чархболҳо, табибон ва дигар маводи зарурӣ интиқол медиҳанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш ва кӯмак низ барои поксозӣ ва пайдо кардани бозмондагони фалокати табиӣ ба Мадейра ворид мешаванд. Хосе Сократес – нахуствазири Португалия, гуфтааст, аз маргу харобиҳо дар Мадейра ниҳоят мушавваш шудааст ва азми сафар ба ин ҷазираро дорад. Айни замон ба гуфтаи Руӣ Перейра – вазири умури дохилии Португалия, мақомот эҳтимоли эъломи вазъи фавқуллода ва тақозои кӯмак аз Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунанд. Мадейра - як ҷазираи маҳбуб барои саёҳони хориҷӣ, 900 километр дуртар аз қаламрави Португалия воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG