Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни боздиди Ричард Ҳолбрук аз Осиёи Марказӣ


Ричард Ҳолбрук – фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, ба боздидаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хотима дод. Вай гуфт, ҳадафи ин сафараш, ки имрӯз дар Қазоқитон хотима ёфт, асосан расидагӣ ба нигарониҳои минтақа аз вазъи Афғонистон буд, ҳарчанд ҷузъиёте дар ин бора надод. Ричард Ҳолбрук Қазоқистонро “як шарики қавии стротегӣ” хонд. Ҳангоми боздидаш аз Душанбе, Ричард Ҳолбрук дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи масоили энержӣ ва истифода аз манобеъи оби Осиёи Марказӣ таммаркуз кардааст.
XS
SM
MD
LG