Пайвандҳои дастрасӣ

Обхезӣ дар Португалия ҷони 32 нафарро гирифт


Бар асари ярчу обхезиҳои шадид дар ҷазираи португалии Мадейра дар уқёнуси Атлантик 32 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Португалия, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои кӯмак ба осебдидагон дар чархболҳо маводи заруриро интиқол медиҳанд.

Гурӯҳҳои наҷотбахш ва кӯмак низ барои поксозӣ ва пайдо кардани бозмондагони фалокати табиӣ ба Мадейра ворид мешаванд.

Хосе Сократес, нахуствазири Португалия, гуфтааст, аз маргу харобиҳо дар Мадейра ниҳоят мушавваш шудааст ва азми сафар ба ин ҷазираро дорад.

Айни замон ба гуфтаи Руӣ Перейра, вазири умури дохилии Португалия, мақомот эҳтимоли эълони вазъи фавқуллода ва тақозои кӯмак аз Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунанд.

Мадейра - як ҷазираи маҳбуб барои саёҳони хориҷӣ 900 километр дуртар аз қаламрави Португалия воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG