Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳ ё ярмаркаи таблиғотии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар даромадгоҳи кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз дигар маъракаҳои интихоботӣ фарқ дошт.

Намоишгоҳ ба тую сур монанди дошт: овозхонон месароиданд, ҷавонон мерақсиданд ва мардуми зиёде, аксаран ҷавонон ҷамъ омада, ин манзараро тамошо мекарданд. Дар атрофи толор ғурфаҳо ҷойгир буданд ва дар болои онҳо бо хати хоно номи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон зикр ёфта буд.

Ин ярмаркаи навбатии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо кумаки молии Бунёди байнулмилалии сохторҳои интихоботӣ ё IFES баргузор шуд.

Майкл Гето, сарвари дафтари ин бунёд дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз ин намоишгоҳ шиносоии интихобкунандагон бо номзадҳои интихоботи парлумонӣ ва барномаҳои аҳзоби сиёсӣ аст.

Вай гуфт, «мо се намоишгоҳ баргузор кардем. Тақрибан 3 ҳазор нафар ба ин намоишгоҳҳо омаданд. Онҳо бо аҳзоби сиёсӣ вохӯрданду бо барномаҳояшон ошно шуданд ва бо номзадҳое, ки мехоҳанд ба Маҷлиси намояндагон интихоб шаванд, сӯҳбат карданд».

Майкл Гето, раиси созмони IFES, мегӯяд, ҳадаф аз ин намоишгоҳ шиносоии интихобкунандагон бо номзадҳо ва барномаҳои аҳзоби сиёсӣ аст
Оқои Гето гуфт, Бунёди байнулмилалии сохторҳои интихоботӣ ё IFES қабл аз ин дар Хуҷанду Қӯрғонтеппа низ ҳамчунин намоишгоҳ ташкил шуда буд.

Дар ин намоишгоҳ ҳар ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар ғурфае, ки барояш ҷудо шуда буд, барномаву овезаву плакат ва дигар маводи интихоботиашро оварда, ба мардум маҷҷонӣ тақсим мекард.

Мӯсо Асозода, сарвари созмони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, намоишгоҳҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст ва аз он бояд пуштибонӣ кард.

Дар намоишгоҳ бештар ҷавонон ба назар мехӯрданд. Муҳаммадкарими Орзу, раиси дафтари ҲНИТ, мегӯяд, ин далели ба сиёсат рӯ овардани ҷавонон аст ва боиси таассуф аст, ки мардуми бузургсолтар кам дар намоишгоҳ ширкат доштанд.

Вай гуфт, «ҷавононро дидем, ки бо шавқу шӯри зиёд меомаданд. Шояд карнаю сурнае, ки дар берун садо медиҳад, низ боиси ҷалб шудани онҳо ба намоишгоҳ шудааст»

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ, мегӯяд, эҳтимолан ҷавонон донишҷӯ ҳастанд ва онҳоро ба ин ҷо фиристодаанд.

Вай афзуд, «мо дар ин ярмарка дидем, ки ба ҷавонон на интихобот ва барномаҳои интихоботии аҳзоб, балки рақсу мусиқӣ аҷибтар аст. Вақте мусиқӣ садо медод, онҳо аз ғурфаҳо дур мерафтанд ва ба рақсу мусиқӣ дода мешуданд».

Зимнан ҷавононе, ки мерақсиданд, гарданбанди осмониранги Ҳизби наҳзатро доштанд. Майкл Гетто, сарвари дафтари Бунёди байнулмилалии сохторҳои интихоботӣ ё IFES, дар Тоҷикистон ҳам дар канор истода, бо табассум онҳоро тамошо мекард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG