Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон даъват ба музокиротро рад карданд


Толибони Афғонистон дигарбора даъвати раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай барои музокироти сулҳро рад карданд. Қорӣ Муҳаммад Юсуф – сухангӯи Толибон, имрӯз Ҳомиди Карзайро як “лӯхтак” хонда ва афзуд, ки вай наметавонад, ҳукумат ва миллати Афғонистонро намояндагӣ кунад. Рӯзи шанбе Ҳомиди Карзай дар порлумони Афғонистон дигарбора аз Толибон даъват кард, пешниҳоди сулҳро бипазиранд. Ин пешниҳод, ки кишварҳои донор дар конфронси Ландан дар моҳи январ ҳимоят карданд, музокирот бо Толибонеро пешбинӣ мекунад, ки аз хушунат даст кашида бошанд. Аммо ин даъватҳо то кунун беҷавоб мондааст, бо вуҷуди он ки амалиёти НАТО ба зидди Толибон идома дорад ва чанде пеш фармондеҳи рақами дуи онҳо боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG