Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирсоли кӯмакҳои фаврӣ ба Мадейраи офатдида


Баъди ҳалокати 32 нафар дар ярчу обхезиҳо дар Мадейра, Португалия ба ин ҷазирақаламраваш дар уқёнуси Атлантик, кӯмакҳои фаврӣ интиқол дод. Ба гуфтаи мақомот, нерӯҳои мусаллаҳи Португалия барои кӯмак, ба осебдидагон нову чархболҳо, табибон ва дигар маводи зарурӣ интиқол медиҳанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш ва кӯмак низ барои поксозӣ ва пайдо кардани бозмондагони фалокати табиӣ ба Мадейра ворид мешаванд. Хосе Сократес – нахуствазири Португалия, гуфтааст, аз маргу харобиҳо дар Мадейра ниҳоят мушавваш шудааст ва азми сафар ба ин ҷазираро дорад. Айни замон ба гуфтаи Руӣ Перейра – вазири умури дохилии Португалия, мақомот эҳтимоли эъломи вазъи фавқуллода ва тақозои кӯмак аз Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунанд. Мадейра - як ҷазираи маҳбуб барои саёҳони хориҷӣ, 900 километр дуртар аз қаламрави Португалия воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG