Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко аз шикояташ даст кашид, вале ...


Юлия Тимошенко – нахуствазири Украина, аз шикояти додгоҳиаш аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳур даст кашида, вале шикаст дар интихоботро эътироф накард ва пойфишорӣ дорад, ки Виктор Янукович – раиси ҷумҳури қонунӣ нест. Юлия Тимошенко, ки Виктор Януковичро дар тақаллуб дар интихобот муттаҳам мекунад, рӯзи шанбе аз шикояташ даст кашид, зеро ба гуфтаи вай, аз додгоҳи Украина ҳукми одилонаро интизор надорад. Виктор Янукович аз Юлия Тимошенко хостааст, то аз мақомаш истеъфо диҳад, аммо хонум Тимошенко аз ин талаб сарпечӣ кардааст ва бино ба гузоришҳо мехоҳад, пас аз адои савганди расмии Виктор Янукович дар рӯзи 25 феврал дар мақомаш бимонад. Виктор Юшченко – раиси ҷумҳури феълии Украина ва ҳампаймони собиқи хонум Тимошенко дар инқилоби норанҷии соли 2004, рӯзи шанбе Викор Януковичро бо интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳури Украина табрик гуфта ва аз ӯ хостааст, барои рафъи ихтилофот дар кишвар сайъ кунад.
XS
SM
MD
LG