Пайвандҳои дастрасӣ

Жак Роге мегӯяд, бозиҳои олимпӣ хуб пеш мераванд


Жак Роге – раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегӯяд, бозиҳои олимпии Ванкуверро барои марги Нодар Кумариташвилӣ - варзишгари гурҷӣ, ҳамеша дар ёд хоҳанд дошт. Жак Роге дар мусоҳибаҳои тозаи худ ба расонаҳо, марги чанасавори гурҷиро “фоҷиабор” хондааст. Ба истиснои ин ҳодиса ва чанд мушкилоти дигари қаблӣ, ба гуфтаи Жак Роге, бозиҳои олимпӣ бисёр хуб пеш мераванд. Оғози бозиҳои олимпӣ маъюскунанда буд, зеро чанд соат пеш аз ифтитоҳи расмии он дар рӯзи 12 феврал, Нодар Кумариташвилӣ ҳангоми тамрин аз пайроҳаи яхин берун шуда ва ба девор бархӯрда, баъдан ҷон дод. Баргузоркунандагони бозиҳо ба мушкили барфи нокофӣ дар пайроҳаҳои варзишӣ ва дигар мушкилоти фаннӣ дучор шуданд. Бо гузаштани нисфи бозиҳои олимпӣ, Амрико бо 22 нишон дар мақоми аввал қарор дорад ва дар мақоми дуввум Олмон, ки ҳашт ҷоиза камтар ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG