Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Эрон аз "Би-Би-Си" ва "Садои Амрико"


Исмоил Аҳмади Муқаддам, раиси пулиси Эрон
Исмоил Аҳмади Муқаддам, раиси пулиси Эрон

Раиси пулиси Эрон Исмоил Аҳмади Муқаддам шабакаҳои радиову телевизионии «Би-Би-Си» ва «Садои Амрико»-ро ба фаъолияти, ба гуфтаи ӯ, зидди ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон муттаҳам кардааст.

Исмоил Аҳмади Муқаддам гуфтааст, бисёре аз эътирозгарони мухолифин дар Эрон бо ин расонаҳои хориҷӣ робита доштаанд ва «барои барандохтани ҳукумати феълии Эрон мекушидаанд». Вай шабакаҳои «Би-Би-Си» ва «Садои Амрико»-ро дар амал ҳамчун бахшҳои мақомоти амниятии бритониёӣ ва амрикоӣ унвон кардааст.

Раҳбари пулиси Эрон ҳушдор додааст, алайҳи шаҳрвандоне, ки бо ин расонаҳои хабарии хориҷӣ робита доранд, чораҳои шадид андешида хоҳад шуд.

Ин изҳороти мақомоти баландпояи эронӣ дар ҳолест, ки қаблан ширкатҳои «Би-Би-Си», «Садои Амрико» ва ҳамчунин «Мавҷи Олмон» мақомоти Эронро барои эҷоди монеаҳои техникӣ дар пахши барномаҳояшон маҳкум карданд.

Дар изҳороти муштараки ин се ширкат гуфта шудааст, ки Эрон барои пахши барномаҳо аз тариқи маҳвораи Hotbird монеаҳои электронӣ эҷод мекунад. Дар ҳамин ҳол, тавре дар изҳорот ишора шудааст, "барномаҳои ширкатҳои радиоиву телевизионии Эрон бо забонҳои англисиву арабӣ аз тариқи ҳамин моҳвора бидуни мушкил пахш мешаванд".

«Би-Би-Си», «Садои Амрико» ва «Мавҷи Олмон» навиштаанд, ки мушкилоти техникӣ зимни пахши барномаҳо замони таҷлил аз солгарди Инқилоби исломӣ дар Эрон шурӯъ шудааст.

Системаи васоити ахбори умум дар Ҷумҳурии исломии Эрон асосан аз расонаҳои давлатӣ иборат аст. Коршиносон дар баробари расонаҳои давлатии Эрон бахшҳои форсизабони ширкатҳои бузурги радиоиву телевизионии «Би-Би-Си», «Садои Амрико» ва «Мавҷи Олмон»-ро аз сарчашмаҳои аслии ахбори дохилӣ ва хориҷӣ барои мардуми ин кишвар унвон мекунанд.
XS
SM
MD
LG