Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО умедвори мондани Ҳоланд дар Афғонистон


Баъди аз ҳам пошидани ҳукумати эътилофии Ҳолланд бинобар ихтилофи назар дар мавриди маъмурият дар Афғонистон, НАТО гуфт умедвор аст, ки нерӯҳои Ҳолланд дар Афғонистон хоҳанд монд. Ҷеймс Аппатурай – сухангӯи НАТО гуфт, Андерс Фог Расмуссен - дабири кулли ин созмон “ҳанӯз ҳам ба ин эътиқод аст, ки беҳтарин роҳи идомаи маъмурият, нигаҳ доштани бахше аз нерӯҳои Ҳолланд баъди августи соли 2010 аст. “Рӯзи шанбе ҳукумати эътилофии Ҳолланд бинобар ихтилофи назар дар мавриди тамдиди ҳузури 2000 сарбози ин кишвар дар Афғонистон аз ҳам пошид. Паймони НАТО, аз Ҳолланд хоста буд, то имкони тамдиди 2000 сарбозашро дар Афғонистонро баррасӣ кунад, ки бояд бар асоси барнома моҳи август ин кишварро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG