Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгари нокоми гурҷӣ дар зодгоҳ дафн шуд


Ҳазорон нафар аз гурҷиҳо имрӯз бо Нодар Кумариташвилӣ чанасовори ин кишвар видоъ гуфтанд, ки зимни тамрин ва пеш аз оғози бозиҳои олимпии зимистона ба ҳалокат расид. Нодар Кумариташвилии 21-сола дар зодгоҳаш шаҳри Вакурианӣ дафн шуд. Варзишгари гурҷӣ ду соат қабл аз ифтитоҳи бозиҳои олимии Ванкувер зимни тамрин идораи чанаи худро, ки бо суръати 144 километр соат ҳаракат мекард, аз даст дод ва ба сутуни пайроҳа бархӯрда, ҷон дод.
XS
SM
MD
LG