Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми вазири собиқи қирғизро бетағйир гузоштанд


Додгоҳи низомии Қирғизистон, ҳукми зиндони Исмоил Исҳоқов – вазири дифоъи пешини ин кишварро бетағйир гузошт, ки ӯро бо гуноҳи фасодкорӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум кардаанд. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Исмоил Исҳоқов рӯзи ҷумъа аз ҳузур дар толори додгоҳ сарпечӣ карда ва ҳукми додгоҳи таҷдиди назар ҳам дар толори тақрибан холӣ эълом шуд. Исмоил Исҳоқов мегӯяд, тамоми иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ доранд, ба он хотир ки вай баъди тарки ҳукумат ба сафи нерӯҳои мухолиф ба давлат пайваст.
XS
SM
MD
LG