Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон 30 ифротгароро куштанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, рӯзи шанбе бо як ҳамлаи мушакӣ 30 ҷангҷӯи ифротгароро дар Вазиристони Ҷанубӣ куштанд. Артиши Покистон дар як баёнияи расмӣ гуфт, баъди гирифтани иттилоъ доир ба ҳузури террористон дар як паноҳгоҳе дар кӯҳистони Шавол, ин паноҳгоҳро ҳадаф гирифтаанд. Артиши Покистон барои пок кардани Вазиристони Ҷанубӣ аз ҳузури ҷангҷӯёни Толиб ва ифротгароёни шарики Ал-Қоида, аз моҳи октябр ба ин сӯ дар он минтақа амалиёт анҷом медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG