Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Ҳолланд аз ҳам пошид


Ҳукумати эътилофии Ҳолланд бинобар ихтилофи назари ду ҳизби бузурги он бар сари маъмурияти нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон аз ҳам пошид. Ян Питер Балкененде – нахуствазири Ҳолланд, эълом кард, ки пас аз 16 соати гуфтӯгу дар мавриди ихроҷи нерӯҳо ва ё тамдиди маъмурияташон дар Афғонистон, ҳукумати эътилофӣ аз ҳам пошид. Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ, аз Ҳолланд хоста буд, 2000 сарбозашро пас аз моҳи август ҳам дар вилояти Урузгон нигаҳ дорад. Ҳизби демократҳои масеҳии Ян Питер Балкененде – тарафдори нигаҳ доштани теъдоди камтари ин сарбозон дар Афғонистон буд, аммо Ҳизби Кори Ҳоллан мехост, то нерӯҳо бар асоси барнома моҳи август аз Афғонистон хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG