Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 40 нафар дар як масҷиди Марокаш


Дар Марокаш бар асари фӯру рафтани манораи масҷиде дар шаҳри қадимаи Мекнос 40 нафар ҳалок ва 70 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми намози ҷумъа дар масҷиди қадимаи Боб Бердиёна, бахше аз манора ва боми масҷид бар сари намозгузорон фурӯ рехтааст. Вазорати умури дохилии Марокаш гуфт, боронҳои зиёд манораи масҷидро намноку заъиф кард ва сабаби фӯру рафтани он шудааст. Ин масҷид тақрибан 400 сол доштааст ва шоҳи Марокаш, Муҳаммад дастур додааст, то онро ба шакли аслиаш барқарор кунанд. Шаҳри қадимаи Мекнос ба феҳрасти мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал шомил шудааст.
XS
SM
MD
LG