Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҷавонон ва мавқеи сиёсии онҳо?
Дар остонаи интихоботии парлумонии Тоҷикистон бо ташаббуси як гурӯҳи ҷавонон дар Хуҷанд «Маркази тадқиқотии афкори умум» ташкил шуд.

Илҳом Расулов, раҳбари иҷроияи ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегӯяд, ҳадафи онҳо анҷоми корҳои пажӯҳишиву таҳқиқотӣ ва пурсишҳо дар заминаи таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии кишвар аст. Вай мегӯяд, имрӯз мавқеъгирии ҷавонон дар нисбат ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ чандон рӯшан набуда, ҷавонон ҳамоно фаъолияти кам нишон медиҳанд.

Ин марказ ният дорад, то иллатҳои ин тамоюлҳои майлу рағбати камранги ҷавононро барои огаҳиву ширкати бештар дар ин маъракаҳо мавриди омӯзиш қарор диҳад. Оқои Расулов афзуд, дар баробари анҷоми пажӯҳишу пурсишҳо ташкили маҳфилҳои мубоҳисавӣ ҳам яке аз дигар ҳадафҳои онҳо мебошад. Вай мегӯяд, марказ ният дорад, то дар остонаи интихоботи парлумонӣ дар чаҳор ноҳияи дурдасти Суғд мизони иштироки ҷавононро дар раъйдиҳӣ мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Ҷавонон ва мушкили аввал
Афзал Босолеҳов, як донишҷӯ мегӯяд, ҳоло аксар ҳамсолони ӯ дар шароити начандон хуби иқтисодӣ ба сар мебаранд, бештари онҳо дар рӯбарӯи мушкилоти худ танҳо ҳастанд ва вақте мебинанд, ки аз кору фаъолияти мақомдорону сиёсатмадорон, ҳизбҳои сиёсиву сохторҳои зиёди давлатӣ, онҳо амалан манфиате барои ҳалли мушкилоти худ намебинанд, ҳамин гуна аз маъракаҳои сиёсиву ширкат дар онҳо дилсард мешаванд.

Ӯ аз таъсиси ин гуна як маркази пажӯҳиши афкори ҷавонон хуш истиқбол ва изҳори умедворӣ кард, ки шояд тавассути чунин таҳқиқот ба қавле мешавад хомӯшиву бетафовутии сиёсатмадорону давлатмардонро ба мушкилоти насли ҷавон бартараф сохт.

Фаъолияти марказҳо аз назари коршиносон
Фаъолияти марказҳои пурсиши афкори умум дар Тоҷикистон ҳарчанд падидаи нав нест, вале ҳамоно чандон зиёду сартосарӣ ба назар намерасад.

Аксари ин марказҳо дар шаҳрҳо амал карда, гуфта мешавад, натиҷаҳои кори худро бештар бо фармоишгарону созмонҳои манфиатдори баргузории ин гуна таҳқиқот дар миён мегузоранд ва кам андар ками натиҷаҳои ин гуна пажӯҳишҳо дар матбуот инъикос мешавад.

Ин дар ҳолест, ки таҷрибаи пурсиши назари мардум, қишрҳои мухталифи ҷомеа ба рӯйдоду раванду тамоюлҳои ҷомеа ва мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, таъсиси инчунин маркази тадқиқотӣ имкон хоҳад дод, то мақомот ба таври асосноку илмӣ аз ҷойдошти мушкилу проблемаи сокинон маълумот пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG