Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андрей Дригин дар ҷойи 44-ум


Андрей Дригин дар Ванкувер
Андрей Дригин дар Ванкувер

Андрей Дригин, ягона намояндаи Тоҷикистон дар бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада, дар сабқати лижаронии кӯҳӣ, дар навъи супергигант миёни 64 нафар дар ҷойи 44-ум қарор гирифт.

Ҳамагӣ 45 нафар ба марра расиданд. Дригин масофаи муайяншударо дар муддати як дақиқаю 38,03 сония тай намуд.

Дар ин навъи рақобатҳо медали тиллои олимпӣ насиби Аксел Лунд Свиндал аз Норвегия гардид. Натиҷаи ӯ як дақиқаю 30,34 сония мебошад. Ду варзишгари ИМА Боде Миллер бо натиҷаи як дақиқаю 30,62 сония ҷойи дуввум ва Эндрю Вайбрехт бо натиҷаи як дақиқаю 30, 65 сония ҷойи саввумро касб карданд.

Лижарони 32-сола Андрей Дригин боз дар ду навъи рақобатҳо оид ба лижаронии кӯҳӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Вай рӯзи 21-уми феврал дар сабқати слалом ва 27-уми феврал дар сабқати слаломи бузург ширкат меварзад.

Баъди натиҷагирии 7 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ намояндагони 26 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст оварданд.

ИМА бо касби 20 медал – 6 тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал аст. Норвегия, ки 5 медали тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифтааст, дар ҷойи дуввум қарор дорад. Олмон бо касби 13 медал – 4 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи саввум мебошад.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 16 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд. Ба ғайр аз се дастаи пешсаф, инчунин намояндагони Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Швейтсария, Фаронса, Шведсия, Чин, Русия, Австралия, Нидерланд, Словакия, Австрия, Ҷумҳурии Чех ва Бритониёи Кабир медалҳои тиллои олимпиро ба даст оварданд.

Аз собиқ кишварҳои Шӯравӣ Русия 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ, Латвия 2 медали нуқра, Беларус 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, Эстония ва Қазоқистон ҳар кадом 1 медали нуқра ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG