Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари 15-соларо дар Тавилдара гургҳо хӯрданд


Дар ноҳияи Тавилдара як писари 15-сола тӯъмаи гургҳои гурусна шудааст. Шарофиддин Сафиев-сокини деҳи Кафтаргузари ноҳияи мазкур ба радиои Озодӣ гуфт, ин писарбача наздикиҳои шом ҳангоме, ки барои додани алаф ба чорвои худ ба оғили онҳо роҳ пеш гирифтааст, ба ҳамлаи гургон дучор шудааст. Дар ин минтақа шогирдони мактаб барои таҳсил 5 километр ба деҳи ҳамсоя мераванд ва ҳамеша дар роҳ изи пои гургонро мебинанд. Акнун баъд аз ин ҳодиса сокинони деҳ аз ин хатари пешомада барои кӯдакон изҳори нигаронӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG