Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои ҷаҳониён аз барномаҳои ҳастаии Эрон


Баъд аз изҳори нигаронии Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ аз идомаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ки метавонад барои иҷоди кулоҳакҳои ҳастаӣ замина фароҳам орад, маҳофили байналмиллалӣ сахт нигарон шудаанд. Олмон мегӯяд, идомаи сиёсатҳои хатарноки ҳастаии Эрон маҳофили байналмиллалиро водор мекунад, ки бар зидди ҷумҳурии исломӣ таҳримҳои баъдии СММ далолат кунанд. Фаронса аз қудратҳои ҷаҳон хостааст, ки барои посух додан ба адами ҳамкориҳои Эрон "қотеъона" посух диҳанд. Имрӯз Русия аз Эрон хост, ки бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ бештар ҳамкорӣ кунад, то ҷаҳониёнро мутмаин созад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомезанд.
XS
SM
MD
LG