Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолбрук бо Каримов ва Боқиев мулоқот кард


Имрӯз Ричард Ҳолбрук -фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико барои Афғонистон ва Покистон дар Тошканд бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон мулоқот кард. Моллӣ Стефенсон-сухангӯи сафорати Амрико дар Тошканд дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт:
"Сафир Ҳолбрук бо Ислом Каримов мулоқот анҷом дод, то масоили мавриди алоқаи ҳар ду ҷониб, аз ҷумла талошҳои байналмиллалӣ дар Афғонистонро баррасӣ кунанд".

Баъд аз Тошканд Ҳолбрук ба Бишкек рафт ва дар он ҷо бо Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон низ мулоқот анҷом дод. Қарор аст, ки шоми ҷумъа Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико барои Афғонистон ва Покистон вориди шаҳри Душанбе шавад. Дар ин бора Давлат Назриев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба ин хабар, интизор меравад, ки оқои Ҳолбрук рӯзи шанбе бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG