Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенко:Барои ҳимоят аз Украина ба додгоҳ омадам


Додгоҳи Олии Маъмурии Украина ба шунидани шикояти Юлия Тимошенко-нахуствазири Украина ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот оғоз кард. Хонум Тимошенко баъд аз ҳозир шудан ба додгоҳ ба рӯзноманигорон чунин гуфт:
"Ман ба ин ҷо наомадаам, ки аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят кунам. Ман имрӯз ба додгоҳ барои ҳимоят аз Украина омадам. Ман намехоҳам, ки ояндаи кишвари ман ва ояндаи мардуми ман бар пояи тақаллубу дурӯғе устувор бошад, ки дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2010 мушоҳида шуд".

Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар эълон кард, ки Виктор Янукович бо бартарии 3,5 дарсад дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баранда шудааст. Аммо Додгоҳи Олии Маъмурӣ гуфтааст, ки дар давраи расидагӣ ба шикояти хонум Тимошенко натиҷаҳои интихобот ба ҳолати таълиқ дароварда шавад. Аз сӯи дигар, порламони Украина 25-ӯми февралро рӯзи савганди раиси ҷумҳури мунтахаб эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG