Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Маскав то Сибир бо қатори Google


Шумо мехоҳед, ки аз тариқи роҳи маъруфи Транссибир ба дурдасттарин нуқтаи шарқии Русия биравед, аммо барои ин сафари ҳафтшабонарӯза вақту имкон надоред?

Ширкати Google ҳалли ин мушкилро осон кардааст ва акнун ҳар кас, ҳар лаҳзаи барояш муносиб, метавонад аз чаҳордевори манзил берун нарафта, аз Сибир дидан кунад. Ин ширкати бузурги интернетӣ ахиран сомонаеро муаррифӣ кард, ки тавассути он метавон роҳи 150 соатаеро тай кард, ки аз вокзали Курски Маскав шурӯъ шуда, дар истгоҳи роҳи оҳани Владивосток, маркази Шарқи дури Русия, поён меёбад. Константин Кузмин, раиси яке аз бахшҳои Google дар Русия мегӯяд, ки тарҳи нав ба истифодабарандагони интернет имкон медиҳад, то яке аз минтақаҳои камошнои сайёраро барои худ кашф намоянд: ”Хориҷиён ҳамеша мегӯянд, ки онҳо бисёр мехоҳанд сартосари Русияро тай кунанд. Хуб, онҳо як гурӯҳи одамонанд. Ва аммо ин тарҳ асосан барои русҳое таҳия шудааст, ки ҳоло имкони зиёде ҳангоми рухсатӣ ба хориҷа рафтанро доранд, вале фақат теъдоди андакашон медонанд, ки дар худи Русия ҷойҳои хушманзар чӣ қадар зиёд аст”.

Тарҳи нав, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати роҳи оҳани Русия таҳия шудааст, ҳафтаи гузашта муаррифӣ шуд ва таваҷҷӯҳи садҳо ҳазор нафарро ба худ ҷалб намуд. Зимни ин сафари интернетӣ мусофирон метавонанд аз тирезаҳои қатор ба манзараҳои роҳе наззора кунанд, ки 9 ҳазор километр тул дорад ва аз 12 вилоят ва беш аз 80 шаҳру шаҳрак убур мекунад. Ба хотири табиӣ сохтани ин сафари интернетӣ таҳиягарон аз мусиқиҳои филмҳои маъруф, садои чархҳои қатор, мусиқии мардумии рус ва қироати китоби маъруфи “Ҷанг ва сулҳ”-и Лев Толстой истифода кардаанд.



Мусофирони қатораи интернетӣ метавонанд, дар сурати зарурат, фақат аз нуқтаҳои муҳими ин сафар, аз ҷумла, гузаштани қатора аз болои рудхонаи Волга, убури қатора аз шаҳри зебои Красноярски Сибир ваё аз кӯли нодиру беҳамтои Байкал дидан кунанд. Онҳо ҳамчунин имкон доранд, ки ба ин қатор берун шуда ҳамроҳ бо ровии шинохта Елена Абитеева ба сайри шаҳрҳои канори роҳ бароянд, дар атрофи шаҳри Новосибирск “қадам зананд”, биноҳои қадимаи шаҳри Иркутскро бубинанд ва меҳмони охирин пойгоҳи марзии шарқии Русия дар ҷазираи Рус шаванд. Елена Абитеева ҳамчунин мусофиронро ба шаҳри Улан-Удэ, воқеъ дар наздикиҳои кӯли Байкал, мебарад, ки он ҷо бузургтарин муҷассамаи каллаи Ленин гузошта шудааст: “Баландии калаи Владимир Илич Ленин ҳашт метр аст ва аммо чаро дар он кепка ё каллапӯш нест? Хело оддӣ, ин муҷассамаи биринҷӣ 42 тонна вазн дорад. Ин гуна кепкаро ҳатто дар Маскав наметавон пайдо кард. Чӣ ҳам метавон гуфт, Владимир Илич воқеъан ҳам бокалла буд!”

Тарҳҳои ахири Google, аз ҷумла, харитаи интерактивӣ, баёнгари талошҳои ин ширкати маъруф барои пайдо кардани ҷойи пойи қавӣ дар системи ҷустуҷӯи интернетии Русия аст, ки айни ҳол таҳти назорати ширкати русии Yandex қарор дорад. Константин Кузмин, раиси яке аз бахшҳои Google дар Русия мегӯяд, тарҳи сафари интернетӣ аз тариқи роҳи Транссибирӣ он қадар муваффақ буд, ки Google мехоҳад сафар ба дигар минтақаҳои Русияро ҳам барои истифодабарандагони Интернет осону дастрас намояд.


XS
SM
MD
LG