Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аз Ирон хост бо ОБЭҲ бештар ҳамкорӣ кунад


Имрӯз Русия аз Эрон хост, ки бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ бештар ҳамкорӣ кунад, то ҷаҳониёнро мутмаин созад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомезанд. Андрей Нестеренко-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия ин нуктаро баъд аз он изҳор дошт, ки Ожонси байналмиллалӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, Эрон метавонад дар оянда кулоҳаки ҳастаӣ тавлид кунад. Бори нахуст аст, ки ин муассисаи СММ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ин истилоҳро дар гузориши худ ба кор бурд.
XS
SM
MD
LG