Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари ҷангсолори Толибони афғон кушта шуд


Бино ба гузоришҳои расида аз Покистон, Сироҷ Ҳаққонӣ- бародари яке аз ҷангсолорони афғон, ки бо Ал Қоида иртибот дорад, дар як ҳамлаи мушакии Амрико кушта шудааст. Мақомоти расмии Покистон, ки аз онҳо ном бурда намешавад, аз қавли Муҳаммад Ҳаққонӣ гуфтаанд, ки рӯзи панҷшанбе дар ин ҳамлаи мушакӣ дастикам ду нафари дигар аз ҳамдастони Сироҷ Ҳаққонӣ дар Вазиристони Шимолӣ дар назидикии марз бо Афғонистон кушта шудаанд. Сироҷ Ҳаққонӣ раҳбарии шабакаи "Ҳаққонӣ"-ро бар ӯҳда дошт, ки ба Толибони Афғонистон ва Ал Қоида тааллуқ дорад.
XS
SM
MD
LG