Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоми имрӯз боздиди Ҳолбрук аз Душанбе оғоз мешавад


Қарор аст, ки шоми имрӯз Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико барои Афғонистон ва Покистон вориди шаҳри Душанбе шавад. Дар ин бора Давлат Назриев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба ин хабар, интизор меравад, ки оқои Ҳолбрук рӯзи шанбе бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кунад. Дар ин дидор ҷонибҳо вазъ дар Афғонистону Покистон ва масоили амниятӣ дар минтақаро баррасӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта Ричард Ҳолбрук бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ дар Вошингтон мулоқот ва дар бораи масоили амниятӣ гуфтугӯ карда буд. Ричард Ҳолбрук аз кишварҳои дигари минтақа низ боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG