Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голе, ки умеди Тоҷикистонро зинда кард


Ӯ дар як рӯз панҷ бор салот мегузорад – ба мисли ҳамаи ҳамдастагони дигари мусалмонаш. Табассуми бовиқор, вале дӯстонааш хислати дигари ӯст. сухан дар бораи Фатҳулло Фатҳуллоев меравад, ки ду голи ӯ дирӯз ба дарвозаи Шри-Ланка умедҳои Тоҷикистонро дар Ҷоми чолиш эҳё кард.

Алвин Саллай, торнамои расмии АФК.

Ҷойнамоз ҷузве аз ҷиҳози автобуси мунтахаби ин кишвар гаштааст. Фатҳуллоеву рафиқонаш намози пешинро хонданду, сипас рафтанд ва умедҳои мизбон – Шри-Ланкаро барои даври нимниҳоӣ барбод доданд.

Чун аз тасвири голи нахустинаш, аз фиреби волоҳунаронаи ҳимоятгарони Шри-Ланка ва лаби хомӯшӣ газидани ҳазор мухлиси дастаи мизбон пурсидам, табассуми шармолуд дар чеҳраи Фатҳулло пайдо шуд.

“Ба мисли Марадона буд,” ронандаи автобуси даста ба мусоҳиба ҳамроҳ мешавад. Аз он ки ӯро ба бозигари маъруфи Аргентина монанд карданд, боз ҳам табассум ва аммо ин навбат ҳайратовар дар лабҳои Фатҳуллоев ҳувайдо мешавад.

“Ман тӯбро бо пои чапам гирифтам ва танҳо ба сӯи пеш давидам. Ман чаҳор ҳимоятгарро гузаштам, дуруст аст, ки он яке аз беҳтарин лаҳзаҳои бозии ман дар карйераам дар мунтахаб буд.» мегӯяд Фатҳуллоев.

Нӯҳ ва ҳисоб давом дорад

Ӯ ҳамагӣ 19 сол дорад ва дар сабқати маҳаллии кишвараш барои «Истиқлол»-и Душанбе заҳмат мекашад. Нахустин бор ба мунтахаб се сол пеш ҷалб шуда буд ва то дирӯз 11 бор пероҳани муҳимтарини футболии кишварашро ба бар карда буд.

Санъати волои ӯ дар бозии дирӯза шумори голҳояш барои мунтахабро ба 9 расонид.

«Вале барои нахустин бор аст, ки ман дар бозии мунтахаб ду гол мезанам. Ҳанӯзам бовар карда наметавонам ва ман албатта хеле хушҳолам» табассум мекунад ӯ.

Голи аввали ӯ мӯъҷизае буд, голи дуввуми ӯ бошад дар лаҳзае, ки то ҳуштаки охирини довар сонияҳое боқӣ монда буданд, нишон дод, ки чӣ гуна ӯ аз беруни ҷаримагоҳ низ зарбаи нерӯдоре зада метавонад ва дарвозабонро танҳо коре, ки мемонад, ду даст боло кардан аст.

“Ҳа, ин як нуқтаи нерӯмандии ман аст. Ман метавонам бо ҳар ду по зарба занам ва ҳимоятгаронро дар ҳолати ночорӣ қарор бидиҳам», мегӯяд ҷавони тоҷик.

Голборон

Узви мунтахаби 17-солаҳои Тоҷикистон дар Ҷоми Ҷаҳон-2007 дар Кореяи Шимолӣ, Фатҳулло ба ёд меорад, ки чунин голе ба дарвозаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зада буд. Голе, ки барои Тоҷикистон пирӯзӣ оварда буд.

“Ман пештар ҳам чунин гол зада будам. Ман дар як ҷой намешинам, балки фикр мекунам, ки бояд ба пеш биравам ва шонс биҷӯям.» мегӯяд.

Дурахшиши дирӯзаи ӯ итминони бештареро ба дилҳои рафиқонаш дар дастаи Тоҷикистон ҷой медиҳад. “Ӯ бозигари хеле хуб аст, яке аз беҳтаринҳои мост. Ин пирӯзӣ моро боз ба ҳавопаймои сабқат савор намуд.» мегӯяд Пӯлод Қодиров ва ҷойнамозро аз автобус бо худ мегирад.

Фатҳулло ва бозигарони дигар ба меҳмонхона равонанд, то хуб истироҳат бикунанд, вале Пӯлод Қодиров дар варзишгоҳи Суғатадаш меистад, то бозии Бангладеш бо Мянмарро тамошо бикунад. Ӯ бояд пеш аз ин бозӣ намози навбатияшро бихонад.

“Мо барои ғалаба ба ин ҷо омадаем. Дар бозии аввал бо Бангладеш мо ба гармову намии ин ҷо одат нокарда будем. Ҳанӯзам ҳаво барои мо мушкил аст, вале дорем мутобиқ мешавем ба он». Фатҳулло мутмаин аст, ки тоҷи Ҷоми чолиш ба сари Тоҷдорон гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG