Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Ҷашнвораи «Aeroflot Open-2010»


Фестивал ё Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот бо номи «Aeroflot Open-2010» 18-уми феврал дар шаҳри Маскави Русия ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, инчунин, ду шатранҷбози тоҷик ширкат доштанд.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов дар сабқати гурӯҳи асосии А1 бо касби 5 имтиёз байни 80 нафар дар ҷои 37-ум қарор гирифт. Вай дар 3 бозӣ пирӯз шуда, 4 бозиро мусовӣ кард ва дар 2 бозӣ мағлуб гашт.

Дар ин гурӯҳ Лием Гуанг Ли (Вйетнам) бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Антон Коробови укроин бо 6,5 имтиёз дуввум шуд. Александр Мотилёви русиягӣ ҷои севумро азони худ кард.

Шатранҷбози дигари тоҷик Соҳиб Ҷӯраев, устоди FIDE, дар ин Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот дар сабқати гурӯҳи дуввум – А2 бо касби 3 имтиёз байни 66 нафар танҳо аз чаҳор нафар пеш гузашт.
Ӯ дар 3 бозӣ ғолиб шуда, дар 6 бозӣ шикаст хӯрд.

Дар ин гурӯҳ Алексей Придорожний (Русия) бо 6,5 имтиёз ғолиб гашт. Игор Глек (Олмон) ва Семён Двойрис (Русия) низ 6,5-имтиёзӣ ба даст оварданд ва мутаносибан ҷойҳои дуввуму севумро касб карданд.
XS
SM
MD
LG