Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар атрофам мардуми бисёре ҷамъ омадаанду мани гаранг намедонам чӣ тавр воқеаи ба сарам омадаро ба онҳо шарҳ диҳам.

Саҳар баробари аз хоб хестан, дасту рўямро шуста, ба сари дастурхон омадаму... аз ҳайрат даҳонам воз гашта ҷоғи поёнам қариб ба чойники пурчой бармехўрд. Хайрият, ки духтарчаам ҷоғи афтодаистодаро дар вақташ нигоҳ дошта, меҳрубонона бо табассум бардошта, ба ҷояш баргардонд.

Дар рўи дастурхонамон тамоми нозу неьмати дунё муҳайё буд. Аҳли оила ҳама бо табассум, дастҳо пеши бар, мунтазири нишастани ман, рост меистоданд. Кўдакон шикоят намекарданд, ки дафтар надорему кафшамон даридааст. Духтарам намегуфт, ки қалами чор сол пеш харидаи қошсиёҳкунакаш тамом шудааст. Модарашон ҳам қошу қавоқ намеандохт, ки се рўз боз равған надорему кўдакон маззаи шакарро фаромўш кардаанд.

Мани ҳайратзада, чизе хўрда-нахўрда, либосҳоямро саросема пўшида, ба кўча баромадам.

Дар берун фаррошамон, ки ҳавлии биноро моҳе як маротиба об назада мерўфт ва ҳар бор мо хавотир мешудем, ки мабодо ин чанг аз зери суми аспони лашкари Чингизхон нахеста бошад, ё қишлоқчаи дар ҳамсоягии бинои мо бударо заминҷунбӣ вайрон накарда бошад, имрўз ҳамаро об зада рўфтааст. Вай баробари маро дидан ҷорубашро чун яроқи афсари дар пост истода, ба қадаш рост нигоҳ дошта, салом дод ва ҳатто бо табассум то дарвоза гусел кард.

Баробари ба рўи роҳ баромаданам маро гадойбачаҳо ба ҳалқа гирифтанд.
- Амакҷон, мошинпулӣ дори? Агар надошта бошӣ, мо ба ту медиҳем,- мегуфтанду табассум мекарданд.

Испанддудкунакҳо атрофи маро он қадар сердуд карданд, ки ман ба ташвиш афтодам: ҳамин замон мошини сўхторхомушкунак омада, моро зери тўфони об мегирад. Дудкунакон бо як овоз ба ман дуо медоданд, ки чашми душманҳо кўр, ҷину аҷина аз ман дур шаваду корам ҳамеша омад кунад.
- Амакҷон, пулат лозим не,- мегуфтанд онҳо ва табассум мекарданд.

Дар сари роҳи калони мошингард, кўдакакони мошиншўй бо сатилчаҳояшон пеш - пешам давида, ба ман ваъда медоданд, ки ҳозир барои амакашон маршруткаи беҳтаринро нигоҳ медоранд.
- Чаро маршрутка?- мегуфт яке,- ман ҳозир ба амакам мошини беҳтарини шаҳрамонро дуздида, ҳадя мекунам... Дигаре бо табассум маро бовар мекунонд, ки: худи соҳибони мошинҳо дар орзўи онанд, ки ягон кас мошини ўро дуздида, ба камбағале ҳадя кунад...

Кўчаҳо тоза, мошинҳо тоза, одамонро намегўед, одамон тоза! Дар автобусу троллейбусҳо дасти касе саҳван ба киссаи дигар кас намедарояд... Агар дарояд ҳам соҳиби кисса вонамуд мекунад, ки чизеро пай набурдааст. Мефаҳмад: чизи киссаи вай ба ҳамон соҳиби дасти бечора лозим будагист. Дашному ҳақорат нест. Занҳо бо нимовоз фақат ҳамсояҳояшонро таъриф мекунанд.

Кормандони БДА ҳар мошинро нигоҳ дошта, ба ҷои «Буте Доляи Аката»-и пештара, «Бигир Долята Ака» мегўянд ва ноаён ба киссаи пешибарии ронанда пул мегузоранд. Агар касе ба тарафи дигари роҳи мошингард гузаштанӣ бошад, тамоми мошинҳо, бе ҳақорати милиса, дар ҷояшон меистанд ва ронандаҳо аз мошин фаромада, дастҳо пеши бар, пиёдагардонро бо табассум, то он сўи роҳ гусел мекунанд...

Роҳбарони корхонаҳо коргаронашонро дар беруни дарвоза истода, пешвоз мегиранд ва ҳамаашон дар даст плакати бо ҳарфҳои калон - калон навиштаи «ХАЙРА МАҚДАМ» доранд. Бо ҳар коргар алоҳида оғўшу дастфишорӣ карда, ваъда медиҳанд, ки маошашонро ҳар қадаре, ки хоҳанд зиёд мекунанд...

Ман ба ҳамаи ин тоб оварда натавонистаму дар байни хиёбон рост истода бо тамоми овоз наъра кашидам: Ҳой! Худаш чӣ гап?! Ман ба куҷо афтодам?! Ва бо ҳамин наъра зада аз хоб бедор шудам...

- Ба куҷо, ба куҷо... Ба куҷо мешуд? Ба хонаи худат! Ба он ҷое, ки на об ҳасту на қувваи барқ, на нон ҳасту на равған...

Ҳа-а... Чизе, ки нагўед, овози очаи бачаҳо маро ба худ оварда ором кард. «Хайрияте, - гуфтам худ ба худ, - вагарна, ман хавотир шудам, ки мурдааму рост ба биҳишт афтодаам.

Ман ба паҳлўи дигар гаштаму, ба умеди дидани давоми хоб чашмонамро пўшидам...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG