Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои Ҳаитӣ 1,440 миллиард $ ёрӣ хостааст


СММ мегӯяд, барои кӯмак ба осебдидагагони заминларза ва эъмори муҷаддади Ҳаитӣ ба 1 миллиарду 440 миллион доллар ниёз дорад. Ин бузургтарин дархости кӯмаки СММ маҳсуб шуда, дафтари кӯмакҳои башарии ин созмон мегӯяд, ки алакай 673 миллион доллар ваъдаи ёриҳои донорҳоро дарёфт кардааст ва барои такмили ин барнома 768 миллион доллар кӯмаки дигар зарур аст.
Бар асари заминларзаи ҳафтбаллии рӯзи 12 январ дар Ҳаитӣ беш аз 217 000 нафар кушта шуда, 1 миллиону 200 ҳазор нафари дигар бесарпаноҳ монданд.
XS
SM
MD
LG