Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО дар Марҷа ба 25-30 рӯзи дигар ниёз доштааст


Фармондеҳи бритониёии нирӯҳои НАТО генерал Ник Картер гуфт, таҳти назорати комил овардани пойгоҳи Толибон дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон беш аз 3 ҳафтаи дигарро хоҳад гирифт. Генерал Картер гуфт, нирӯҳои дахили “Амалиёти муштарак” ҷиҳати зери назорат овардани минтақаи Марҷа ба 25 то 30 рӯзи дигар зарурат доранд.
Ӯ афзуд, ба дунболи рондани Толибон се моҳи дигар лозим аст, ки нирӯҳои эътилоф назорати ин минтақаро ба мақомоти афғон бисупоранд.
Мақомот мегӯянд, нирӯҳои эътилоф шоҳроҳҳо, пулҳо ва марказҳои маъмуриро дар Марҷа таҳти назорат гирифтаанд, вале муқовимати парокандаи ҷангиёни толиб ҳанӯз мушоҳида мешавад. Рӯзи панҷшанбе дар ин минтақа 4 сарбози НАТО кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG