Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Чин аз мулоқоти Обама бо Далай Лама


Вазорати хориҷаи Чин аз мулоқоти раисиҷумҳури Амрико бо раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама дар Кохи Сафед шадидан изҳори норозигӣ кард. Пекин ин мулоқотро хилофи тааҳҳуди Вошингтон ҷиҳати адами пуштибонӣ аз истиқлолталабии Тибет унвон мекунад. Кохи Сафед гуфт, Обама дар мулоқоти дирӯзааш бо Далай Лама ба гуфтугӯи мустақим бо Чин бар сари Тибет даъват кард. Ин мулоқот дар пасманзари танишҳои ахир дар равобити Амрикову Чин баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG