Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи ҳавоии НАТО кушта шудани 7 пулиси афғон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии НАТО дар вилояти шимолии Қундуз иштибоҳан 7 маъмури пулиси маҳаллӣ кушта ва сеи дигар захмӣ шудаанд=
Нирӯҳои НАТО ин иттифоқро таъйид карданд ва гуфтанд, ки ба таҳқиқи ҳодиса пардохтаанд.
Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Залмай Башарӣ гуфт, нирӯҳои афғон алайҳи ҳамлаи ҷангиёни толиб дар улусволии Имомсоҳиб аз ҳавопаймоҳои НАТО кӯмак хостаанд, вале иштибоҳан худ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG