Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милибанд хостори ҳамкории Исроил шуд


Вазири хориҷаи Бритониё Девид Милибанд хостори ҳамкории комили Исроил дар ҷараёни таҳқиқи қазияи истифодаи шиносномаҳои ҷаълии Бритониё аз ҷониби қотилони як фармондеҳи Ҳамос дар моҳи гузашта дар Дубай шуд. Пулиси Дубай ахиран феҳрасти асомии 11 нафареро, ки бо шиносномаҳои ҷаълии аврупоӣ вориди ин маркази тиҷоратии Имороти Араб шудаанд, нашр кард. 6 тани онҳо шиносномаи Бритониё, се нафараш – асноди ирландӣ ва яке шиносномаи олмониву яке – фаронсавӣ доштаанд. Раҳбари пулиси Дубай Доҳӣ Халфон гуфтааст, ки 99 дарсад мутмаин аст, ки фармондеҳи Ҳамос Маҳмуд ал-Мабҳуҳро маъмурони Моссад, созмони иктишофии Исроил куштаанд.
XS
SM
MD
LG