Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Ожонси ҳастаӣ дар қиболи барномаҳои Эрон


Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар гузориши ҷадидаш мегӯяд, маълумоти бадастовардааш дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ҳокии эҳтимолан ба сохтани кӯлоҳакҳои ҳастаӣ даст задани он кишвар аст. Ин Ожонси вобаста ба СММ барои нахустин бор дар гузоришаш дар қиболи Эрон аз чунин баён истифода бурдааст. Раҳбари нави Ожонси байналмилалии ҳастаӣ Юкиё Амано навиштааст, ки ин ниҳод маълумоти мӯътамаде дар даст дорад, ки фаъолиятҳои Эронро ба талоши сохтани таслиҳоти ҳастаӣ иртибот медиҳад.
Эрон барномаҳои ҳастаияшро сирф сулҳомез хонда, иддаоҳои Ғарб дар бораи қасди даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ доштанашро батакрор радд кардааст.
XS
SM
MD
LG