Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 3 сарбози озарӣ дар наздикии Қаробоғ


Дар як даргирӣ бо нирӯҳои мусаллаҳи арманӣ дар наздикии вилояти ҷудоиталаби Кӯҳистони Қаробоғ 3 сарбози артиши Озарбойҷон кушта шуданд. Вазорати дифоъи ин кишвар бидуни ифшои маҳалли дақиқи даргирӣ ҳалокати аскаронашро таъйид кард ва гуфт, дар ин тирандозӣ, ки ба эътиқоди Боку, нақзи қарордоди оташбаси 16 соли пеш имзошуда аст, як сарбози дигар ҷароҳат бардоштааст. Мақомоти озарӣ мегӯянд, ҷониби арманӣ низ дар ин задухӯрд талафот додааст.
Қаробоғ, ки аксари аҳолияш арманист, дар авоили солҳои 90 баъди чанд соли ҷанг худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард.
XS
SM
MD
LG