Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мизони ҷиноёт дар Тоҷикистон 25 фоиз боло рафтааст


Тайи моҳи январ дар қаламрави Тоҷикистон наздики 1000 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад бештар аст. Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, дар муқоиса бо январи соли 2009 мизони ҷиноёти сангин, аз ҷумла куштору қасди куштор, дуздиву ғоратгарӣ ва ришваситонӣ имсол 28 дарсад афзудааст. Аммо ба фарқ аз як соли пеш теъдоди ҷиноёте, чун авбошӣ, қаллобӣ ва таҷовуз ба номус имсол ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG