Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмаркаи аҳзоби сиёсӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд


Рӯзи шанбеи 20 феврал дар Кохи ваҳдат, дар пойтахти Тоҷикистон, ярмарка, ё худ намоишгоҳи аҳзоби сиёсии фаъол дар ин кишвар барпо хоҳад шуд. Ин намоишгоҳ дар пешорӯи интихоботи парлумонии Тоҷикистон бо ибтикори IFES, Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ, доир мешавад. Қарор аст, ки дар ин ярмарка аҳзоби сиёсӣ рамзу нишонҳо, барномаҳои пешазинтихоботӣ ва маводи таблиғотии худро муаррифӣ кунанд. Чунин намоишгоҳи аҳзоб рӯзи 12 феврал дар Хуҷанд низ баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG