Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиё ба Душанбе 74 миллион $ медиҳад


Бонки Осиёии Рушд барои иҷрои ду барномааш дар Тоҷикистон 74 миллион доллар ихтисос медиҳад. Намояндаи доимии Бонки Осиёӣ дар Душанбе Макото Оҷиро гуфт, ин маблағҳо барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши энержии иқтисоди Тоҷикистон масраф хоҳанд шуд. Оҷиро гуфт, бахши энержӣ дар 3-4 соли наздик як самти умдаи ҳамкориҳои Бонки Осёии Рушд бо Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Тоҷикистон соли 1998 ба Бонки Осиёӣ пайваста, то кунун аз ин ниҳоди молӣ ба маблағи 560 миллион доллар қарзҳои боимтиёз ва кӯмакҳои фанниву ёриҳои билоиваз дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG