Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви ду номзад дар ҳавзаи Ҳамадонӣ


Куммиссиюни интихоботии ҳавзаи Ҳамадонӣ дар ҷануби Тоҷикистон номзадии Ҷумъахон Темурзода ва Амин Муродов, ду довталаби курсии вакилии парлумон аз ин ҳавзаро лағв кардааст. Мақомот гуфтаанд, ки далели лағви номзадии хабарнигори шинохта Ҷумъахон Темурзода тақаллуби имзоҳо ба ҳангоми ҷамъоварии имзоҳои лозим барои сабти номзадии ӯст. Вале узви ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Амин Муродов, ба гуфтаи масъулин, натавонистааст 7 000 сомонӣ пули гарави интихоботиро пардохт кунад ва ба ин далел аз сабқат берун шуд.
Ахиран масъулини ҳавзаи Панҷакент номзадии Матлуб Халифаев, вазири собиқи сохтмони Тоҷикистонро низ лағв карданд.
XS
SM
MD
LG